Ҳамватанони азиз!
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.
Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд.
Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудоинопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд.
Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони пешин бармеояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хосса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.
Маросиму ойинҳои ин ҷашни мардумӣ аз қадим дарбаргирандаи нияту орзуҳои гузаштагони мо мебошанд.
Одамони синну соли гуногун дар давраи авҷи сардии зимистон бо орзуи омадани фасли баҳори ҷонбахш бо ҳам ҷамъ омада, чорабиниҳои мухталиф доир мекарданд, гулхан мегиронданд, базм меоростанд, шодиву хурсандӣ мекарданд ва бо ҳамин роҳ сахтии сарморо барои якдигар осон менамуданд.
Яъне анъанаҳои ҳаётдӯстона ҷавҳари ҷашни Садаро ташкил мекарданд.
Дар миёни суннатҳои Сада гулхан афрӯхтан мавқеи асосӣ дорад. Ба ин маънӣ, ин ҷашнро метавон ҷашни мелоди оташ, яъне манбаи гармиву нур номид.
Дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва соли гузашта дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид.
Ба муносибати фаро расидани ин ҷашни бостонӣ – мероси арзишманди маънавии ниёгони некномамон кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди миллат гармиву нур ва рӯзгори пурсаодат орзу менамоям.
Умедворам, ки мардуми мо ва хусусан, кишоварзон дар баробари риояи суннатҳои ин ҷашни бостонӣ ба яке аз ҷанбаҳои бисёр муҳимми он, яъне омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, об додану нигоҳубин кардани заминҳои кишт, ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав ва сарсабзу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд.
Зеро боду ҳавои фасли тирамоҳи гузашта ва зимистони имсола чандон мусоид наомад ва эҳтимоли хушксоливу мушкилоти дигари вобаста ба он зиёд аст.
Ин масъаларо кишоварзони асилу соҳибтаҷриба хуб медонанд.
Вобаста ба ин, ба мардуми шарифи кишвар бори дигар зарурати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро хотиррасон менамоям.
Зарур аст, ки бо дарназардошти зиёдшавии мунтазами аҳолӣ, афзоиши талабот ба маводи ғизоӣ ва вазъи нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ сарфаю сариштакорӣ ва худдорӣ намудан аз сарфу хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ ба одати доимии ҳар фард ва ҳар як оила табдил ёбад.
Ҷашни Сада чун рамзи гармиву нур аз ҷовидонагии хуршеди оламтоб башорат дода, бо баргузории чорабиниҳои оммавӣ истиқбол мегардад.
Ҷашни мазкур, ҳамчунин, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
Бо дарназардошти он, ки маросиму ҷашнҳои миллии мо аз аҳди бостон то ба имрӯз ҳамчун воситаи пайванди наслҳо хизмат кардаанд, мо вазифадорем, ки дар баробари риояи анъанаҳои дерина ба онҳо шаклу мазмунҳои нави мутобиқ ба замони соҳибистиқлолиро ворид намоем ва онҳоро ба талаботи замон ва завқи имрӯзиён мувофиқ гардонем.
Наврасону ҷавононро ба меҳнатдӯстӣ, илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ ташвиқ карда, завқи онҳоро ба ободкорӣ, дӯст доштани табиати диёр, риояи одоби муошират ва дигар хислатҳои ҳамидаи миллӣ бештар гардонем.
Бовар дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад.
Ҷашни бостонии Садаро бори дигар ба кулли ҳамдиёрони гиромӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту саодат ва шодмониву пирӯзӣ орзумандам.
Ҷашни Сада муборак, ҳамватанони азиз!