Дар Тоҷикистон замин такон хӯрд

Соати 12:08 бо вақти Душанбе дар қаламрави Тоҷикистон замин такон хӯрд.

Тибқи иттилои хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза 280 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон буд.

Бино ба иттилоъи ин манбаъ дар маркази он қувваи заминларза 5-6 балл буд. Дар шаҳри Душанбе 3-4, дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 4-5 ва дар минтақаи Рашт 3 баллро ташкил дод.    

Хушбахтона заминларза дар қаламрави Тоҷикистон харобӣ ва талафоти ҷонӣ надошт.