Бино ба хабари журналисти маъруфи тоҷики муқими Олмотӣ Саломиддин Мирзораҳматов бо талоши хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон 57 тан шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Суғд озими Русия буданд ва бар асари шикастани мошин зери хатар монданд, аз сардии ҳудудан 50 дараҷа наҷот дода шуданд. Агар кумаки саривақтӣ намерасид, эҳтимоли мусибатҳо миёни мусофирони тоҷик вуҷуд дошт.
Саломиддин Мирзораҳматов дар саҳифаи худ дар Фейсбук менависад: Ин ҳодиса шаби 20 ба 21-уми январ, вақте дар Шимоли Қазоқистон сардии ҳаво ба 50 дараҷа расид, рух дод. Дар қаламрави ноҳияи Буландин, дар наздикии шаҳри Макинск автобуси шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз вилояти Суғд ба Русия равона буд, шикаст. Ронандаи мошин, ки аз қазо дар телефони дастии худ симкорти қазоқӣ ҳам дошт, ба шумораи 112 ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазқистон занг зад.
Сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон дар ноҳия Баурҷон Жусупов фавран ҳамаи кормандони наҷотро ба по хезонд. Баъди як муддати басо кутоҳ ба назди мусофирони дар сардӣ азиятдидаи тоҷик худи сардори хадамот Жусупов, сардори бахши ноҳиявии умури дохилӣ Алмат Метаев, сардори пулиси минтақа Ернар Кайиржанов, ҷонишини ҳокими ноҳия Бахит Шамкеновна ва корманди ҳокимияти ноҳия Рустам Сапаев ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.
Ҳамаи мусофиронро дар мактаби рақами 5 шаҳри Макинск ҷой доданд. Шабона ошпазҳои мактабро дават карданд ва муддати ду шабонарӯз онҳоро се бор бо таоми гарм таъмин намуданд. Барои ҳамаи ҳамватанони гирифтори офатшудаи мо билети қатор то шаҳри Петропавловск пайдо карданд ва қарор буд дар он шаҳр онҳоро автобуси дигаре барои расонидан то Русия интизор мешуд. Бегоҳии 22-уми январ ҳамватанони мо ба самти Русия гусел карда шуданд.
Файзиддин Шоназаров, ҳаммиллати мо, ки муддати 40 сол ба инҷониб дар шаҳри Макинск зиндагонӣ мекнуад, баъди он ки ҳамватанонро аёдат кард, дар суҳбати телефонӣ ба ман гуфт:
- Агар хадамоти наҷоти ноҳияи мо сари вақт намерасиданд, эҳтимоли он вуҷуд дошт, ки мусибате ба сари баъзе аз дармондагон дар ин сардии шадид ояд. Фаврият, низоми дурусти кор, таваҷҷуҳи хос ба рӯйдод ва одамон муҷиби он шуд, ки ҳамаи ҳамватанон беосеб ба ҷойи амн интиқол ёбанд. Тасаввур кунед: дар дақиқаҳои башумор наҷот додани ҷони одамон аз сардӣ, онҳоро ҷобаҷо кардан дар утоқҳои гарм ва боз таъмин намудан бо хӯроки гарм кори осону содае нест. Муддати ин ду шабонарӯз сардори хадамоти пулиси маҳаллӣ Ернар Кайирҷонов шахсан ҳамроҳи ҳамватанони мо дар мактаб монд ва амнияти онҳоро таъмин кард.
Мехоҳам аз номи ҳамаи ҳамватанон ба ҳамаи онҳое, ки барои раҳоии ҷони мусофирон кумаки бедареғ расонданд, изҳори ташаккур кунам.
Навиштаи рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар Фейсбук мавриди истиқболи гарми корбарон қарор гирифт ва аз лаҳзае, ки ин хабар пайдо шуд, даҳҳо нафар бо ибораи “бародарони қазоқи мо” ташаккуру миннатдории худро ба хадамоти наҷоти Қазоқистон ва ҳамаи онҳое, ки дар раҳоии ҷони ҳамватанони мо аз мусибати эҳтимолӣ саҳм гирифтанд, иброз доштанд.
Бале, маҳз бародар метавонад ба кӯмаки бародар сари вақт шитобад.