Наҷотбахшони воҳидҳои вокуниши сареъи Ситоди минтақаи Рашт дарси татктикии махсус оид ба коркарди амалҳо ҳангоми рӯйдодҳои имконпазир дар мавсими зимистон, аз ҷумла дар минтақаҳои хатарноки куҳиро баргузор карданд.
Ҳадафи ин тамринҳо такмили малакаҳои кормандони бахши наҷот дар гузаронидани корҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар минтақаҳои куҳӣ ва коркарди амалҳои ҳамоҳангшуда ва хадамоти вокуниши фаврии системаи давлатии ҳифозати гражданӣ мебошад.
Дар ҷараёни омӯзишҳо маҷмаъаи чорабиниҳои амалии равонашуда ба бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими зимистон тамрин шуданд. Аз ҷумла:
- омодагии системаи хабаррасонӣ ва алоқа, ташкили навбатдории фаврӣ, ташкили кори хадамоти пешгӯӣ ва навбатдорӣ, фароҳам овардани захираҳои моддиву техникӣ, ғизоӣ ва тиббӣ;
- масъалаи интиқоли аҳолӣ аз маконҳои ҳолатҳои фавқулодда ба минтақаҳои бехатар, гузаронидани чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба таъмини аҳолӣ;
- сари вақт бастани роҳҳои хатарнок ба хотири роҳ надодан ба садамаҳо, наҷоти зарардидагон, расонидани кӯмакҳои тиббӣ, равонӣ ва ғайраро машқ карданд.