Баъди боришоти зиёди барф дар роҳҳои куҳӣ яхбандӣ мушоҳида гардид ва рӯзе пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эҳтимолияти он сареҳан хабар додаву шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ карда буд. Мутаассифона, ҳарчанд борҳо ба ронандагон мурољииат карда, онҳоро ба эҳтиёткориву риояи қоидаҳои ҳаракат даъват карда будем, на ҳамаи онҳо ба огоҳӣ гуш андохтанд ва тавсияҳои пешниҳодшударо қабул карданд.
Чунончӣ, сокини деҳаи Навдии ноҳияи Рашт ҳангоми ҳаракат низоми ҳаракатро накард ва аз уҳдаи идораи мошини тамғаи “Опел” набаромад. Дар натиҷа мошин ба ҷарии 7-метра фурӯ рафт. Сабаби он риоя накардани қоидаи идораи мошин дар роҳҳои яхӣ буд.
Барои бартараф намудани оқибати ин садамаи нақлиётӣ ба ҷойи ҳодиса Дастаи махсуси наҷотдиҳандагони Кумита дар минтақаи Рашт расида, бо истифода аз автокран мошинро аз чуқурӣ берун кашиданд. Хушбахтона, ронанда ва мусофиронаш зарари ҷиддӣ нагирифтанд. Ба онҳо ёриҳои аввалини тиббӣ расонида шуд. Аз бистарӣ шудан дар бемористон онҳо худдорӣ карданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба ронандагон муроҷиат карда аз онҳо хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои барфиву яхии куҳиро ҷиддан риоя кунанд, ҳаёти худ ва ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.