Соли 2017 ба сокинони аз ярч, сел ва заминларза зарардидаи ноҳияи Лахш кумак дар шакли масолеҳи сохтмон, бастаҳои беҳдоштӣ, маҷмуаҳои хоҷагӣ, ҳамчунин хаймаҳо расонида шуд. Маблағи умумии кумакҳо барои барқарор намудани хонаҳои вайроншуда 755 ҳазору 680 сомониро ташкил дод. Ғайр аз ин ба оилаҳои зарардида ба маблағи 42 ҳазору 500 сомонӣ кумаки яквақта расонида шуд.
Бо мақсади татбиқи қарори ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз 6-уми январи соли 2018 дар ноҳияи Лахш ҷаласаи муштараки Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда, воҳидҳои сохтории Системаи ягона ва Платформа оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раиси ноҳия, сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, роҳбарони хадамоти гуногуни ноҳия, сарварони ҷамоатҳои аз сел зарардидаи Шилбилӣ, Оқсой ва Олғаи ноҳияи Лахш ширкат карданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи сардори шуъбаи КҲФ дар минтақаи Рашт майор С. Маҳмудов дар бораи ҷамъбасти фаъолияти шуъба дар соли 2017, ҳамчунин масъалаҳо дар иртибот ба хонаҳои нави супурдашуда ба аҳолии зарардида дар офатҳои табиӣ шунида шуд. Масоиле аз қабили соҳилбандиву мутаҳкамкунии соҳилҳои осебпазири рӯдхонаҳо мавриди барарсӣ қарор гирифтанд.
Сардори шуъбаи КҲФ дар минтақаи Рашт мойор С.Маҳмудов ба ширкаткунандагон хабар дод, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони зарардидаи ноҳияи Лахш дар ҷойҳои бехатар замин ҷудо карда шуда, тибқи тарҳи ироакардаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ хонаҳои нави истиқоматӣ сохта шуданд, ҳамчунин ба ҳамаи онҳо маводи хӯрокворӣ ва кумакҳои яквақтаи пулӣ ҷудо карда шуданд.
Аз ҷумла вай қайд кард, ки “ба сокинони соли 2017 аз ярч, сел ва заминларза зарадидаи ноҳияи Лахш кумак дар шакли масолеҳи сохтмон, бастаҳои беҳдоштӣ, маҷмуаҳои хоҷагӣ, ҳамчунин хаймаҳо расонида шуд. Маблағи умумии кумакҳо барои барқарор намудани хонаҳои вайроншуда 755 ҳазору 680 сомониро ташкил дод. Ғайр аз ин ба оилаҳои зарардида ба маблағи 42 ҳазору 500 сомонӣ кумаки яквақта расонида шуд”.
Қарор қабул шуд, ки миёни аҳолие, ки дар наздикии минтақаҳои хатарнок зиндагонӣ мекунанд, бештар корҳои иловагии фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шавад, аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ воҳидҳои ихтиёрии наҷот ба хотири посбонии нуқтаҳои аҳолинишини митақаҳои хатарнок ва осебпазир ташкил карда шавад.