Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон бо роҳандозии як силсила корҳои пешгирикунанда аз офот ба хотири ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ ҳамзамон бо мардум дар бораи роҳҳои кам кардани хатарҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ суҳбатҳои хоса анҷом доданд.
Бо мақсади баргузории чорабиниҳои зиддисел, ҳимояи аҳолӣ ва иншоотҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии саривақтии офатҳои эҳтимолӣ, ҳамчунин татбиқи қарори ҷаласаи Коллегияи КҲФ аз 6-уми январи соли 2018 оид ба роҳандозии корҳои иловагии пешгирӣ ва соҳилбандӣ, кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон корҳои соҳилбандӣ гузарониданд.
Корҳо барои мустаҳкам кардани соҳили дарёи Вахш ва пешгирии хатарҳо дар деҳаи Сари Ҳавз, ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бо мусоидату ҳамкории мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия ва Раёсати обёрии вилояти Хатлон гузаронида шуданд.
Бо мақсади огоҳсозии саривақтии аҳолӣ кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҳамчунин миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотӣ гузарониданд. Бо ҷалби сокинони маҳаллӣ ба сурати ҳашари умумӣ соҳилҳои дарё аз партовҳо тоза карда шуданд.
Ҳадафи аслии баргузории ин гуна чорабиниҳо боло бардоштани донишҳои мардум дар ин замина ва бо ин васила коҳиш додани зарар ва хатари офатҳо миёни аҳолӣ мебошад.
Дар поёни ҳар чорабинӣ ба ширкаткунандагон варақаҳои иттилоотӣ тақисим карда мешаванд. Дар ин варақаҳо дар мавриди тадбирҳои аввалия ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва дучор омадан ба садмаҳо ва рӯ ба рӯ гардидан ба офатҳои табииву техногенӣ машваратҳои судбахш дода шудаанд.