17 марти соли 2026 вохӯрии намояндагони мақомоти Сарпрокуратураи ҳарбӣ бо ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи сиёсати давлатӣ ҷиҳати таъмини қонуният, таҳкими интизоми ҳарбӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ доир шуд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тақвияти масъулияти хизматӣ ва тарбияи ҳайати шахсӣ дар рӯҳияи садоқат ба Ватан буд. Дар рафти он намояндагони мақомоти назоратӣ доир ба масъалаҳои муҳими риояи қонунгузорӣ ва интизоми ҳарбӣ ибрози назар намуданд.
Намояндаи роҳбарияти Сарпрокуратураи ҳарбӣ дар баромади худ зарурати риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, таҳкими интизоми ҳарбӣ ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни ҳарбиро таъкид кард. Зикр гардид, ки интизоми ҳарбӣ пояи фаъолияти муназзам ва самараноки ҳар як сохтори низомӣ мебошад ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳо омили муҳими пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои ташаккули донишҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, тарбияи худогоҳиву хештаншиносӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қайд шуд, ки рушди ин омилҳо ба болоравии сатҳи касбият ва таҳкими интизоми дохилӣ мусоидат менамояд.
Роҳбарияти Кумита иброз дошт, ки бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароити хизмат ва фаъолияти ҳайати шахсӣ тадриҷан беҳтар гардида истодааст ва дар ин самт тадбирҳои иловагӣ амалӣ мешаванд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳолатҳои ғайриоинномавӣ дар Кумита ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Ин пеш аз ҳама натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҷорӣ намудани назорати муассир арзёбӣ шуд.
Зикр гардид, ки таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ байни мақомоти назоратӣ ва сохторҳои ҳолатҳои фавқулодда дар самти пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин замина баргузории чунин вохӯриҳо дар оянда низ мунтазам идома хоҳад ёфт.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки таҳкими интизоми ҳарбӣ, риояи қатъии қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди фаъолияти босамар ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа мебошад.


