КҲФ: ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ОМОДАСОЗИИ КАДРҲО

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сайқали донишу малака ва тақвияти кор дар самти кадрҳо пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар ин ҳошия чанде пеш дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии масъулини самти кадрҳои вазорату кумитаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳо доир гардид. Дар вохӯрии мазкур полковник Шокирзода Баҳром, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

 Зимни вохӯрӣ бо ҳампешагони хориҷӣ масъалаҳои такмили донишу малака, табодули кор дар самти кадрҳо ва бозомӯзии масъулини вазорату кумитаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

барчасп: