КҲФ: Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бинои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Эльза Пиньол баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ инчунин Атташеи ҳарбии Сафорати Фаронса подполковник Кристоф Люкт, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва масъулини Кумита иштирок намуданд.

 Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, таҳкими иқтидори техникию моддӣ, омодасозии кадрҳо ва табодули таҷрибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Раиси Кумита аз сатҳи ҳамкориҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Кумитаро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар соли 2026 таъкид кард.

Дар навбати худ, хонум Эльза Пиньол омодагии ҷониби Фаронса барои идомаи ҳамкориҳои судмандро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ иброз дошт.

 Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки ҳамкориҳои минбаъда ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои соҳавӣ мусоидат хоҳанд кард.

 

барчасп: