9 феврали соли 2026 дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи навбатии Комиссияи эвакуатсионии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки муовини раиси вилоят — раиси Комиссияи эвакуатсионӣ Амирбекзода Ҳ. баргузор гардид.
Дар ҷаласа вобаста ба вазъи мавҷудаи обу ҳаво ва хатари эҳтимолии рух додани ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла бориши шадиди барф, фаромадани тарма ва дигар офатҳои табиӣ дар ҳудуди вилоят, масъалаҳои муҳим мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Тибқи маълумоти расмӣ, аз 10 то 14 феврали соли 2026 дар минтақаҳои алоҳидаи ВМКБ хавфи номусоиди обу ҳаво пешбинӣ мегардад.
Дар кори ҷаласа намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои марбута, инчунин сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ полковник Мирракзода Н. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҷаласа ҷиҳати таъмини омодабошии доимии сохторҳои масъул, андешидани чораҳои саривақтии пешгирикунанда, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон дар роҳҳои кӯҳӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Қайд гардид, ки иҷрои саривақтии ин чорабинӣҳо ба коҳиш додани хавфҳо ва ҳифзи ҷони шаҳрвандон мусоидат менамояд.


