Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2025 бо иштироки Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовинони Раис, сардорони сарраёсатҳо ва раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумита натиҷаҳои асосии фаъолияти Кумита дар соли 2025-ро ҷамъбаст намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби наҷотдиҳандагон, таъмини бехатарии аҳолӣ, инчунин сатҳи омодабошии қувва ва воситаҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, муовинони Раис ва роҳбарони сохторҳои соҳавӣ вобаста ба самтҳои фаъолияти худ баромад намуда, ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма доир ба ҳолати кунунии хавфҳои табиӣ ва техногенӣ, корҳои наҷотдиҳӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар ҷараёни нишаст таъкид гардид, ки Кумита дар соли 2026 ҷиҳати таҳкими низоми пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ, такмили заминаи моддию техникии воҳидҳои наҷотдиҳӣ ва густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.
Нишасти матбуотӣ дар фазои ошкоро ва муколамаи созанда бо намояндагони васоити ахбори омма анҷом ёфт.


