КҲФ: Ҷаласаи ҳамоҳангсозии таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳали кишвар

Дар шаҳри Душанбе ҷиҳати баррасии Харитаи роҳи миллии таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳалро (EWS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони масъули мақомоти дахлдори кишвар ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ баргузор намуданд.

Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани зарари офатҳо барои тақвияти низоми огоҳсозии бармаҳали худ саъй мекунад. Кишвар расман дар моҳи августи соли 2023 татбиқи ташаббуси “Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама” (EW4ALL)-ро оғоз кард ва дар моҳи июли соли 2024 Харитаи роҳи миллии таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳалро қабул кард. Ин Харитаи роҳ камбудиҳо ва мушкилотро дар чор самти асосӣ ва амалҳои зарурирӣ ҷиҳати ҳали онҳо муайян сохтааст.

Дар ҷаласа вазъи кунунии татбиқи ташаббуси EW4All дар кишвар ва Харитаи роҳ баррасӣ шуд. Дар он пешрафт дар самти таъсиси механизми татбиқ таҳти роҳбарии муовини сарвазир дар доираи Платформаи миллии паст кардани хавфи офатҳо таъкид шуд. Қайд карда шуд, ки Созмони Миллали Муттаҳид ва шарикон барои осон кардани раванд дар Тоҷикистон ва таблиғи кишвар ҳамчун намуна дар чорабиниҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дастгирӣ мекунанд.

Иштирокчиён чорабиниҳои муҳими байналмилалиро доир ба системаҳои огоҳсозии бармаҳал ва муаррифии пешрафти Тоҷикистон бо таъмини мубодилаи ҳамаҷониба дар сатҳи баланд ва инчунин дар байни коршиносон зикр карданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар ҳуҷҷатҳои натиҷавии Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳои моҳи май дар Душанбе, Платформаи ҷаҳонии коҳиши хавфи офатҳои моҳи июн дар Женева, Форуми миллии мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Осиёи Марказии моҳи октябр дар Душанбе, амалҳои мушаххас оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал пешниҳод шудаанд.

Дар доираи самти якуми Харитаи роҳ зикршуда, Тоҷикистон ҳадаф дорад дониш ва малакаҳои заруриро барои истифодаи самараноки маълумоти хавф дар огоҳсозии бармаҳал ва чораҳои саривақтӣ тақвият диҳад. Барои мусоидат ба татбиқи Харитаи роҳ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиа граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Идораи СММ оид ба паст кардани хавфи офатҳо (UNDRR) дар доираи лоиҳаи муштараки UNDRR ва Ҳукумати Швейтсария “Таҳкими устуворӣ ба офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон” баргузории семинарҳои дониши хатарро дар бораи арзёбиҳо ва профилҳои хатари офатҳо дар моҳи октябри соли 2024 ва дар бораи истифодаи дониши хатар барои тақвияти низоми огоҳсозии бармаҳал аз хатарҳои гуногун дар моҳи ноябри соли 2025 баргузор намуд. Дар доираи лоиҳаи муштарак UNDRR ба Тоҷикистон дар таҳкими иқтидори низоми идоракунии хатарҳои кишвар, ҷалби фаъоли ҷонибҳои манфиатдор дар идоракунии хатарҳои офатҳо, беҳтар кардани идоракунии дониши хавҳо ва ҷамъоварии маълумот барои низоми огоҳсозии бармаҳал кумак мерасонад.

Бо вуҷуди ин, зарурати тақвияти ҳамоҳангӣ байни мақомоти масъули самтҳои Харитаи роҳ, вазорату идораҳои дахлдори кишвар, шарикони байналмилалӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои татбиқи Харитаи Роҳ ва назорати саривақтии он ҷиҳати муайян кардани камбудиҳо ва амалҳои афзалиятнок боқӣ мемонад.

Иштирокчиён дар бораи мубодилаи мунтазами миллӣ бо ҷалби шарикони байналмилалӣ барои суръат бахшидан ба татбиқи Харитаи роҳ ва мутобиқ кардани амалҳо дар Нақшаи амали Стратегияи миллии паст кардани хавфи офатҳо барои солҳои 2026-2028 ва инчунин Нақшаи кории Платформаи миллии паст кардани хавфи офатҳо барои соли 2026 ба мувофиқа расиданд.

барчасп: