КҲФ: Шоми 18 сентябри соли 2025 дар доираи 37-умин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони ҳолатҳои фавқулоддаи аъзои ИДМ, ҳайати меҳмонон аз "Кохи Наврӯз" дидан намуданд.

Дар назди "Кохи Наврӯз" ҳайати меҳмононро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қабул намуда, сипас мутасадиён меҳмононро бо биноҳои он шинос карданд.

Ёдовар мешавем, ки «Кохи Наврӯз» — яке аз бузургтарин кохҳои ҷаҳонӣ ва яке аз ҷозибаҳои асосии Тоҷикистон аст. Ин кох дар соли 2014 дар шаҳри Душанбе бунёд шуда, ҳамчун яке аз дастовардҳои беназири даврони Истиқлоли кишвар шинохта мешавад.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо ин дастоварди Истиқлол, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор дар самти ҳолатҳои фавқулодда аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз меҳмоннавозии тоҷикона ва сатҳи баланди ташкили ҷаласа баҳои баланд доданд.

барчасп: