Селе, ки дар Лахш роҳро хароб кард ва ҳалокати як ноболиғ дар ҳавзи моҳипарварӣ

22 – уми июли соли 2025, соати 17:31 дақиқа дар километри 255-и шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, дар мавзеи деҳаи Дуағбаи ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш,  бар асари гармшавии ҳаво ва об  шудани барфи қуллаҳову пиряхҳо сатҳи оби дарёчаи Арчакапа боло рафта, сабаби омадани сел шуд. Дар натиҷа сел маҷрои дарёи Сурхобро ба муддати ду соат банд намуд.

Баъд аз боз гардидани пеши роҳи дарёи Сурхоб,  тақрибан дар масофаи 300-400 метр самти роҳ  зарар дида, ҳаракати мошинҳоро номумкин кард.

Айни замон ҳаракати нақлиёт аз тариқи роҳи иловагӣ барқарор шукдааст.

Корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ идома доранд.

******     ******    ******

22-уми июли соли 2025, соати 13:12  дақиқа як сокини 16-солаи  деҳаи Лахши ҷамоати деҳоти Лахши болои ноҳияи Лахш ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи моҳипарварӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

Ҷасади ноболиғ аз ҷониби аҳолӣ аз дохили ҳавз пайдо ва ба мақомотҳои дахлдор супорида шуд.

Кумитаи ҳзолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро ҷиддан назорат кунанд. Онҳоро нагузоранд, ки бе раҳнамоии калонсолон ба соҳили обҳо раванд ва мушғули оббозиву шиноварӣ шаванд.

барчасп: