Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Сохторҳои дахлдор дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти маҳаллӣ фаъолияти худро дар ин самт пурзӯр намудаанд.
Бо ташаббуси муовини раиси шаҳр Фароғатзода Насиба, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ғафурзода Фирдавс, котиби мақомоти васоят ва парастор Зуҳуров Дилбар, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак Зайнидинов Азамат, ва корманди шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳри Норак, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон баргузор гардиданд.
Дар ҷараёни ин маъракаҳо, ба аҳолӣ қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ва шиноварӣ фаҳмонда шуда, инчунин маводи иттилоотӣ, ба мисли брашураҳо ва варақаҳои тавсиявӣ, тақсим карда шуданд.
Мақомот таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо барои коҳиш додани хатари ҳодисаҳои ғарқшавӣ хеле муҳиманд. Аз ин рӯ, дар оянда баргузории чунин иқдомҳо боз ҳам вусъат дода мешавад.