Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлатамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳ сол боз дар рӯзномаи ҷаҳонии пешбурди масъалаҳои обу иқлим нақши пешбар ва муассир мебозад. Гуфт зимни суханронии муқаддамотии худ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода.
Генерал Назарзода, ки қабл аз зуҳри имрӯз дар ҷаласаи минтақавии “Дарки таъсири тӯфонҳои гарду ғубор бар пиряхҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором: ба сӯи ҳифозат ва ҳамкорӣ” сухан меронд, иброз дошт, ки дар ин давра бо ибтикорот ва пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳоеро бо ҳадафи муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуд ва ташдиди иқдомот дар ин замина ба тасвиб расонд.
Сарвари КҲФ таъкид кард, ки ин ҷиҳат бо таваҷҷуҳ ба ин ки пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон асоси манбаъҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, дар чаҳорчӯби иттиҳоди обу иқлим ба ибтикори Раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ якдилона қатънома дар бораи эълони соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 мартро “Рӯзи байналмилалии пиряхҳо” эълон карданд.
Ин ташаббуси Тоҷикистон ба зарурати иқдомоти муштарак барои коҳиш додани оқибатҳои обшавии босуръати пиряхҳо ишора мекунад ва аҳамияти пиряхҳоро бо назардошти таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъкид месозад.
Генерал Назарзода ҳамчунин гуфт: Дар ин росто, пешниҳоди кишвари мо дар бораи таъсиси сандуқи эътимод дар назди СММ ҷиҳати мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо ва баргузории конфронси байналмилалӣ дар ин мавзӯъ дар соли 2025 дар ин самт иқдомоти муҳим аст.
Қобили зикр аст, ки Маҷмаи Умумии СММ солҳои 2025-2034-ро “Даҳсолаи мубориза бо тӯфонҳои гарду ғубор” - ҳаводиси шадиди обу ҳаво, ки ба саломатӣ ва иқтисод аз Африқои марказӣ то шимоли Чин шадидтар ва таҳдид мекунад, эълон кардааст.
Соҳибмақоми КҲФ афззуд: Дар доираи таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тавсеаи идораи иттилооти офатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (APDIM) имрӯз ҷаласаи дурӯзаи “Дарки минтақавии фаҳмиш”-ро доир ба Таъсири тӯфонҳои граду ғубор ба пиряхҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором: ба самти ҳифз ва ҳамкорӣ баргузор мекунад.