Мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки сол ба сол дар Тоҷикистон теъдоди рӯзҳои гарду ғубор меафзояд ва бахусус солҳои охир шумори тӯфонҳои граду ғубор беш аз 10 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар ҷаласаи минтақавии “Дарки таъсири тӯфонҳои гарду ғубор бар пиряхҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором: ба сӯи ҳифозат ва ҳамкорӣ” ибрози назар намуд. Ин ҷаласа субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард ва қарор аст рӯзи оянда ба поён расад.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар идома афзуд: агар дар аввали даҳаи соли 1990 танҳо ду-се мавриди тӯфони гарду ғубор сабт шуда буд, дар чанд соли ахир чунин обу ҳаво соле то 35 бор ба қайд гирифта шудааст.
Танҳо дар тӯли тобистон ва сентябри соли 2023 тақрибан ҳар дувуним шабонарӯз сокинони ҷумҳурӣ худро асири ҳавои ғуборолуд медонистанд. Ба гуфтаи коршиносон дар Тоҷикистон 4,1 дарсад аз хоки кишвар дар маърази тӯфонҳои шадиди гарду ғубор аст, ки беш аз 560 ҳазор гектар заминро ташкил медиҳад.