Оғози як ҷаласаи минтақавӣ дар шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи минтақавии “Дарки таъсири тӯфонҳои гарду ғубор бар пиряхҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором: ба сӯи ҳифозат ва ҳамкорӣ” ба кори худ оғоз кард. Ин ҷаласа дар доираи Даҳаи Созмони Милали Муттаҳид барои мубориза бо тӯфонҳои гарду ғубор, ки тавассути СММ барои солҳои 2025-2034 эълом шудааст, ҳамчунин барномаи иқдоми минтақаӣ барои мубориза бо тӯфонҳои гарду ғубор дар ҳавзаи кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, ки Иҷлоссияи 78-уми ЭСКАТО СММ тасдиқ кардааст, баргузор мешавад.

Ҷаласа аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумшурии Тоҷикистон ва Маркази тавсеаи идораи иттилооти офатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (APDIM) роҳандозӣ шуд.

Дар кори он намояндагон ва муҳаққиқон аз кишварҳои узви Маркази тавсеаи идораи иттилооти офатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (APDIM), Маркази байналмилалии рушди якпорчаи кӯҳистонӣ (ICIMOD), нозирон ва намояндагони созмонҳои гуногуни ҳукуматӣ ва байналмилалӣ аз кишварҳои Бангладеш, Бутан, Чин, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Непал, Покистон ва Тоҷикистон ширкат доранд.

То ин лаҳзаҳо дар назди иштироккунандагон Раиси КҲФ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода суханронии ифтитоҳӣ намуд.

барчасп: