Заминларза дар ҳудуди мамлакат

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 24 сентябри соли 2024 соати 05:53 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза дар 141 километри шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 25 километри ҷануб аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл ва дар ноҳияи Сангвор  3 баллро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминларза хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

 

барчасп: