Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ барои соли 2024, инчунин беҳтар намудани ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байни вазорату идораҳо - аъзои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвари мо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 20-21 сентябри соли 2024 дар мавзӯи «Амали мақомоти роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зерсистемаи Системаи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва интиқоли аҳолӣ ба маконҳои бехатар» тамрини саҳроӣ гузаронд.
Ин тамрин дар майдони варзишии деҳаи Корези поёни ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон гузашт.
Тибқи сенарияи машқ, ки дар ду марҳила сурат гирифт, масъалаҳои омодагии мақомоти мудофиаи гражданӣ ва идораи ҳолатҳои фавқулоддаи вазорату идораҳои Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, қувва ва воситаҳо ва ҳолати эълони вазъи фавқулода ва интиқоли аҳолӣ ба маконҳои амн барарсӣ шуд.
Барои ҳамоҳангсозии умумӣ ва банақшагирии чорабиниҳои муштарак 20 сентябри соли 2024 дар шаҳри Кӯлоб ситоди фаврии тамринот ҷойгир карда шуд, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни машқ сатҳи омодагии хадамоти салоҳиятдор кор карда баромада, омодагии қувва ва воситаҳои мақомоти назоратӣ дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ гардид. Аҳолии дар ин машқ ширкаткарда беш аз 500 нафарро ташкил дод.