Заминларза дар ҳудуди кишвар

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,18 сентябри соли 2024 соати 12:43 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза 296 километр ҷанубу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 28 километр шимолу шарқӣ аз шаҳри Хоруғ буда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл, дар шаҳри Хоруғ 2-3 баллро ташкил додааст.

Тибқи маълумотҳои гирифташуда, дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд  гирифта нашудааст.

барчасп: