17 сентябри соли 2024 соати 19:27 дақиқаи вақти маҳаллӣ бино ба гузориши Хадамоти Геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази ин зилзила 297 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 81-километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 4-5 балл ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил дод.
Бар асари заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.