Омӯзишҳо дар Раёсати Суғд

Раёсати Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо иштироки ҳайати шахсии Раёсат ва сардорону афсарони шуъба ва бахшҳои Раёсат  дар шаҳру ноҳияҳо машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронид.

Тибқи ҷадвали муайянгардида аз ҷониби сардори Маркази ҷумҳуриявии таълмӣ-методӣ полковник Тоҷиддин Маҳмадзода, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ полковник Атохӯҷа Шоев ва сардори Шуъбаи ҳуқуқи Кумита майор Абдураҳим Исозода доир ба мавзуъҳои зерин аз ҷумла: “Таърихи пайдоиши Конститутсия”, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиаи гражданӣ”, “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ”, “Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон”, дигар қонуну қарорҳое, ки самти ҳолати фавқулоддаро ба танзим медарорад, инчунин оиди Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Ташабуссҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмиллалӣ, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, риоя намудани талаботҳои Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳое, ки бо ҳалномаҳои Сули олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таблиғкунандаи ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъолияташон манъ карда шудааст, машғулиятҳо гузаронида шуд.

Мақсади гузаронидани машғулиятҳои омузишии мазкур  баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ буда, ҳар як хизматчии ҳарбии Кумита бояд аз қонунҳо, қарорҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ бархурдор бошад.

Сардори бахши
кор бо ҷомеаи Раёсат
подполковник Маликзода Д.М.

барчасп: