Ду шаҳрванди хориҷӣ дар кӯҳҳои Помир гум шудаанд. Ба имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар шуд, ки дар давоми як рӯз бо истифода аз барномаи мобилии SOS онҳоро пайдо кунанд ва ва наҷот диҳанд.
9 сентябри соли 2024 наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти навбатии наҷоти сайёҳони хориҷӣ дар кӯҳистони Помирро бомуваффақият анҷом доданд.
6 сентябри соли 2024, соати 19:40 тавассути барномаи мобилии SOS, ки аз ҷониби мутахассисони КҲФ таҳия шудааст, хабар расид, ки сайёҳони хориҷӣ, эҳтимолан шаҳрвандони ИМА, дар кӯҳистон ба кумак ниёз дорад. Онҳо координатҳои системаи даҳӣ ва инчунин матни кӯтоҳ бо мазмуни зерин фиристоданд: «Мо дар як дараи хеле дурафтода бо ғизои кам дармондаем. Имкони хуруҷ аз ин бунбаст надорем. Дар пеши мо пули шикаста ва дар паси мо релйефи шадид аст.”
Бо истифода аз координатҳои гирифташуда кормандони Кумита макони одамони дармонда ва дар ҳоли изтиробро муайян карданд. Маълум шуд, ки онҳо ду нафаранд ва дар кӯҳҳои Язгуломи ноҳияи Ванҷ раҳгум задаанд.
Субҳи барвақт, 7 сентябри соли 2024 наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ иборат аз 7 нафар ва роҳбалад аз ыумлаи сокинони ҷамоати деҳоти Язгулям ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд.
Наҷотдиҳандагон соати 12:20 бо ҷабрдидаҳо тамоси овозӣ барқарор карданд, ки онҳо ду нафар ҳастанд: Ян Ноф, шаҳрванди ИМА ва Ҷоанна Фирити 27-сола, шаҳрванди Швейтсария. Рӯзи 16 августи соли 2024 ҳардуи онҳо бо мақсади сайёҳӣ ба Тоҷикистон омада, рӯзи 1 сентябр бо мошини иҷора ба ВМКБ рафтанд.
Дастаи фаврии имдодгарони КҲФ пайроҳаҳои душворгузарро тай карда, миёни сахраҳои баланду пеппаву ва дараҳо дармондагонро ҷустанд. Лозим омад 30 км роҳро пиёда тай кунанд, то ба мавзеъи сайёҳон расанд. Роҳи мушкилу дур онҳоро хеле хаставу абгор карда буд.
Ба гуфтаи сайёҳон, маълум шуд, ки онҳо аз 1-уми сентябр то 5-уми сентябри соли 2024 бо масири пешбинишуда – аз деҳаи Бартанги ноҳияи Рӯшон ба самти деҳаи Язгуломи ноҳияи Ванҷ ҳаракат кардаанд, вале бо сабаби он ки пул дар маҳаллаи деҳаи Зайчӣ хароб шуда буд ва онҳо қаиқ надоштанд, дар соҳили дарёи Язгулом дармондаанд. Сайёҳон дар баландии 3100 метр аз сатҳи баҳр буданд. Захираи хуроквории онҳо тамом шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ин гардишгарон аз қабл хати ҳаракати худро бо хадамоти наҷот ҳамоҳанг накарда буданд ва як сабаби аслии раҳгум задану дучори мусибати эҳтимолӣ шудани онҳо низ ҳамин буд. Дар наҷоти онҳо танҳо барномаи мобилии SOS ва амалҳои касбӣ ва салоҳияти кормандони КҲФ мусоидат карданд.
Ҷараёни корҳои наҷотро кӯҳҳои баланд ва бероҳӣ мушкил мекард. Аввалин коре, ки анҷом доданд, сайёҳони беғизо мондаву гуруснаро бо ғизо таъмин карданд. Нимаи дуюми рӯзи 8 сентябр наҷотдиҳандагон ба поин овардани гардишгарон оғоз карданд ва билохира соати 01:25 дақиқаи 9 сентябри соли 2024 ба шаҳри Хоруғ расиданд ва онҳоро ба яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Хоруғ ҷобаҷо карданд.
Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар ба дастаҳои сайёҳӣ, гардишгарон муроҷиат мекунад, ки қабл аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ самти ҳаракати худро бо хадамоти наҷот ҳамоҳанг кунанд, аз онҳо дар бораи вазъи роҳҳо, шароити обу ҳаво маълумоти дақиқ гиранд.
Пеш аз ҳаракат шумо бояд хатарҳои имконпазирро бо назардошти шароити обу ҳаво ва эҳтимолияти монеаҳо бодиққат арзёбӣ кунед.