Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, малакаи касбӣ ва омодагии ҳайати шахсӣ дар ҳама гуна ҳолатҳо, рӯзҳои 29.08.2024 дар қисми ҳарбии 45005, 30.08.2024 дар қисми ҳарбии 45095, 02.09.2024 дар қисми ҳарбии 45045 ва Маркази идоракунии мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, 03-05.09.2024 дар Раёсати КҲФ ва МГ дар ВМКБ, 06.09.2024 дар Шуъбаи КҲФ ва МГ дар минтақаи Кӯлоб ва қисми ҳарбии 45085 бо ҳайати шахсӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
Ин дарсҳои омӯзишӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ: сардори Раёсати қӯшунҳо подполковник Давлатзода С., муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ полковник Шоев А., сардори Шуъбаи ҳуқуқ майор Исозода А. ва сардори Бахши таҳлилии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ подполковник Саторзода С. роҳандозӣ шуд.
Бо ширкаткунандагон дар мавзуъҳои «Таърихи пайдоиши Конститутсия», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои он», «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ», «Оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки самти соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро ба танзим медароранд» ва «Маълумоти умумӣ дар бораи силоҳҳои оташфишонӣ (АКМ ва ПМ) ва кор бо онҳо» машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ин самт дар вилоятҳои Хатлону Суғд, минтақаи Рашт ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисор идома доранд.