Шашуми сентябри соли ҷорӣ дар толори Маркази таълимӣ-методии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бо иштироки дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамолиддин Абдукаримов вохӯрии судманд баргузор карда шуд.
Вохуриро муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ подполковник Ғолиб Шарифзода ифтитоҳ намуд.
Дотсент Ҷамолиддин Абдукаримов доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳо ва рушду нумуи тамоми соҳаҳои кишвар баъди ба даст овардани Истиқлолият сухан ронд.
Вай аз ҷумла гуфт, ки Истиқлол дар қатори Ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таькими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумуи Тоҷикистони азизамон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки сулҳи миллати тоҷик имрӯз намунаи ибрат дар саросари кишварҳои мутамаддин гардидааст.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 33 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро овард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.
Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.
Пешвои муаззами миллат дар робита ба ин масъала чунин таъкид намуда буданд: «Дар натиҷа мо дар зарфи қариб се даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад».
Ҷамолиддин Абдукаримов ҳамчунин гуфт, ки мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо пеш аз ҳама фаҳмонидани моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, ҷойгоҳи бузурги он дар сарнавишти миллати тоҷик, зарурати ҳифзи он ва марзу буми кишвар, аҳамияти дастовардҳои беназири мамлакат дар солҳои Соҳибистиқлолӣ, ташаббусҳои сатҳи байналмиллалии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба Истиқлолу Озодӣ ба ҳайати шахсии Раёсат мебошад.
Дар поёни мулоқот миёни ҳайтаи шахсӣ ва меҳмон дар мавзуи Истиқлол табодули афкор сурат гирифт.
Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат подполковник Маликзода Д.М.
Ҳамин гуна хабар аз Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе расид. Дар он гуфта мешавад, ки шашуми сентябри соли ҷорӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дар шаҳри Душанбе – муовини сардори Раёсат Мавлуда Шарипова ва сармутахассиси Раёсат Дилноза Қаюмова бахшида ба 33-юмин солгардии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Меҳмонон дар бораи музаффариятҳои 33 соли Истиқлоли давлатӣ ва нақши муҳими Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли кишвар ва сулҳи пойдору рушди иқтисодиву иҷтимоӣ суҳбат карданд.