Дар қаламрави шаҳри Турсунзода се наврасе, ки дар ҳоли ғарқ шудан буданд, аз ҷониби наҷотдиҳандагони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав наҷот дода шуданд.
Ин ҳодиса 6 сентябр соати 9-и вақти маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Т.Туйчиев рух дод. Бачаҳое, ки саргарми бозии футбол буданд, туби худро тавре ронданд, ки ба канали Хоҷавнақширон сарозер шуд. Се нафари онҳо, ки ҳамагӣ 14-сола буданд, ба дунболи тӯб худро ба оби канал андохтанд.
Онҳо натавонистанд аз сабаби ҷараёни тези об ба тӯб расанд, вале ҳамзамон худ низ натавонистанд мустақилона аз оби канал берун шаванд.
Ба шарофати фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расидани имдодгарони бахши КҲФ дар Турсунзода ва Шаҳринав ин се тан наҷот дода шуданд.
Имдодгарон ба бачаҳо дар бораи қоидаҳои бехатарии будубош дар соҳили ҷӯву каналу дарёҳо суҳбат карданд ва аз онҳо хостанд ҳаргиз бе мадади калонсолон дар чунин ҳолатҳо вориди об нашаванд.
Ва боз ҳам содатар фаҳмонданд: Тӯбро мешавад дубора харид ва ба бозӣ идома дод, аммо ҷони каси ғарқшударо касе дигар наметавонад баргардонад. Аз ин рӯ, хеле эҳтиёт бояд кард!