7 сентябри соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти КҲФ, сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода Аҳлиддин, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсии Кумита ширкат карданд.
Сардори Сарраёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Маҷидзода, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд генерал-майор Ҷамшед Камолзода ва кормандони ҷавони Кумита сухани табрикӣ карданд. Онҳо дар бораи дастовардҳои 33 соли Истиқлол, рушди кишвар, амнияту субот дар мамлакат, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлол сухан ронданд.
Дар рафти ҷаласаи тантанавӣ ба як корманди КҲФ бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатии “Ифтихорнома” супурда шуд.
Бо фармоиши раиси КҲФ барои иҷрои намунавии вазифаи ҳарбӣ ва хизматӣ, шуҷоат ва фидокорӣ ва ба муносибати таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандони КҲФ унвонҳои ҳарбӣ, мукофотҳои идоравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, дар ин рӯз дар воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор шуданд.
Чунончӣ, дар Раёсатҳои КҲФ дар шаҳрҳои Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ чорабиниҳои тантанавӣ доир шуданд ва ширкаткунандагон дар бораи музаффариятҳои 33 соли Истиқлол ҳарф заданд ва аз саҳми Пешвои муаззами миллат дар пойдории сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ҳарф заданд.
Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми воҳидҳои сохтории Кумита, инчунин дар қисмҳои низомии КҲФ чорабиниҳо баргузор мешаванд.