4 сентябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус сарфароз гардониданд.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ, ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ” хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Аз ҷумла, 1 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 кас бо ордени Спитамен дараҷаи II, 4 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 34 кас бо медали Ҷасорат, 47 нафар бо медали хизмати шоиста ва 2кас бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ” ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ” ва кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники хадамоти гумрук, генерал - лейтенанти адлия, генерал-майори милитсия, генерал-майор, рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал майори адлия, рутбаи навбатии ҳарбии генерал - майори гвардия ва генерал-майори хадамоти гумрук дода шуд.
Аз ҷумла, ҷонишини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳотамшо Латифзода ба рутбаи олии генерал-майор, ҷонишини сардори Раёсати махсусгардонидашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти КҲФ подполковник Ҳабибулло Қувватзода ва майор Наҷибулло Аҳтамзода –сардори дастаи вокуниши сареъи КҲФ дар вилояти Хатлон бо медали «Ҷасорат» шарафёб шуданд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии КҲФ ҳамкоронро барои мукофотҳои давлатӣ муборакбод мекунад!