Наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар пешгирӣ аз ҳадисаҳои нохуш дар обҳо саҳм мегиранд.
Чунончӣ, рӯзи 3 сентябри соли 2024 наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ҳангоми гаштугузори хидматӣ соҳили дарёи Сир дар қаламрави шаҳри Хуҷанд баногаҳ мушоҳида карданд, ки як мард дар об ғарқ мешавад.
Имдодгарон бо дастури фармони сарвари даста дар дақиқаҳои башумор ва хеле зуд худро ба ҷойи ҳодиса расонданд ва мардро наҷот доданд. Маълум гардид, ки ӯ 20 сол дошта, аслан сокини деҳаи Боғчаи шаҳри Панҷакент будааст.
Дар ҷойе ба шиноварӣ машғул шудааст, ки оббозӣ дар он мамнуъст.
Имдодгарон баъди наҷоти ҷони ҷавон ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонданд.
Кумита бори дигар бо як ҷаҳон эҳтиром аз сокинон хоҳиш мекунад, ки қоидаҳои бехатариву амниятиро ҷиддан риоя кунанд. Дар ҷойҳое, ки барои оббозӣ мамнуъ эълон шудааст, шиноварӣ накунанд.
Оббозӣ дар ҳоли мастӣ, танҳоӣ, шабона хатарҳои зиёд дорад.
КҲФ хоҳиш мекнунад фарзандони ноболиғи худро танҳо нагузоред!!!