Дар идомаи баргузории вохурӣ бо аҳолӣ, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии ҷамоатҳои деҳоти “Алмосӣ” ва “Хонақоҳи куҳӣ”-и ноҳияи Ҳисорро омӯзиш доданд.
Дар асоси Нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи оид ба омӯзиш додани аҳолии ноҳияҳои кишвар, ки дар минтақаҳои хавфнок аз офатҳои табиӣ ҷойгир шудаанд, бо мақсади татбиқи қарори ҷаласаи Мушовара гуруҳи корӣ, аз ҷумлаи кормандони Кумита ба таври доимӣ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
Аз ҷумла, гуруҳи корӣ муддати ду рӯз миёни аҳолии ҷамоатҳои “Хонакоҳи куҳӣ” ва “Алмосӣ”-и ноҳияи Ҳисор дарсҳои омӯзишӣ гузаронд. Ин ду ҷамоат дар минтақаи Ҳисор ба обхезиву сел ва ярч бештар осебпазиранд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо кормандони Кумита ба аҳолӣ дар бораи хатари сел, лағзиши замин, обхезӣ маълумот доданд, ба онҳо фаҳмониданд, ки дар ин гуна ҳолатҳо бояд кадом қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Онҳоро бо воситаҳои ҳимояи фардӣ ошно карданд.
Ғайр аз ин, кормандони Кумита ба мақомоти идораи маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳо оид ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ёрии методӣ расониданд.
Дар поёни мулоқот ба аҳолӣ варақаҳои таблиғотӣ, китобчаҳову дастурҳо тақсим карданд.
Ҳадафи роҳандозии ин гуна чорабиниҳо боло бурдани донишу маърифати аҳолӣ дар риояи бехатарӣ, омодагӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои наҷот аз офатҳо, кам кардани хатари офатҳо ва пайдо намудани малакаҳои муносибат бо воситаҳои фардии наҷот мебошад.