Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморо бо фарорасии соли 2024 муборакбод мегӯяд! Бигзор Соли нав барои шумо бехатартарин сол бошад! Саломатӣ, меҳрубонӣ, шукуфоӣ насиби шумо ва наздиконатон!
Шодиҳои соли сипаришаванда дар Соли нав идома хоҳанд кард ва заминаи хуби амалҳои нав, дастовардҳо ва пирӯзиҳои ҷолиб хоҳанд гашт.
Умедворем, дар Соли нави мелодӣ мардуми шарафманди тоҷик бо пайгирӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музаффариятҳои нав ба нав ноил гардида, дар соҳаҳои маориф ва илму фарҳанги мамлакат ҷаҳиши азиме ба вуқўъ мепайвандад ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор гузошта мешавад.
Хоҳони онем, ки дар ин рӯзҳо шумо дар иҳотаи дӯстону пайвандон ва наздиконатон хоҳед буд ва бигзор гармии хонадон шуморо аз ҳама офатҳову нохӯшиҳо ҳифз кунад!
Бигзор дар Соли Нав ба ҳама орзуҳои неку ширинатон бирасед!
Соли Нав бо кӯлбори хушбахтиҳои беинтиҳо меояд ва бадиҳову нохӯшиҳои гузашта дар гузашта хоҳанд монд!
Сол нав мешавад ва зиндагӣ идома хоҳад кард!
Ба ҳамаи Шумо ва пайвандону азизонатон хушбахтиҳо ва саломатӣ хоҳонем!