28 декабри исоли 2023 дар Кумита бо ҷалби сардорони шуъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шуъбаи Кумита дар ноҳияи Рашт ва бахшу шуъбаҳои шаҳри Ваҳдат ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб ҷамъомади таълимию методӣ дар мавзӯи “Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ” баргузор гардид. Ҷамъомад аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита гузаронида шуд.
Ҷамъомади таълимию методиро сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита генерал-майор Ҷамшед Камолзода ифтитоҳ намуда, дар бораи масъалаҳои ҷорӣ ва рӯзмарра, хусусан ба масъалаи баланд бардоштани масъулиятнокӣ дар арзёбиҳои зарар ҳангоми офатҳои табиӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва рафти корҳои соҳилбандӣ, кучонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок ва иҷрои “Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилонаи кучонидани муҳоҷирони экологӣ” ва инчунин тағйиру иловаҳо даровардан ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ” сухан ронда, таклифу пешниҳодҳои худро вобаста ба масъалаҳои мазкур манзур намуд.
Инчунин, дар рафти дарс масъалаҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, таҳлили офатҳои табиӣ дар соли 2023, тартиб ва миқдори расонидани кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, иҷрои як қатор қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034”, “Барномаи миёнамӯҳлат тартиби сохтор ва фаъолияти Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода”, таснифи ҳолатҳои фавқулодда ва презентатсияи сардорони шуъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсатҳои Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон дар баҳодиҳии ҳолатҳои фавқулода ва барқарорсозии хонаҳои зарардида ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд. Дар ҷамъомади таълимию методӣ 20 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ширкат намуданд.
Бояд, қайд намуд, ки чорабинии мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.