Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олиро шуниданд

28 декабри соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳама воҳидҳои сохтории он, раёсату шуъбаҳои он дар вилоятҳо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шуниданд.

Ин Паём дар низоми онлайн аз “Кохи Сомон” мустақиман пахш гардид, ки дар он раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шурои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони якчанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Ҳукумати кишварро таҳлил намуда, аз ҷумла ба ташаккули волоияти қонун дар кишвар таъкид намуданд.

Сарвари кишвар аз ҷумла гуфтанд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат солҳои 2022-2026 — Солҳои рушди саноат эълон гардид, ки барои амалӣ намудани ин иқдом тайи 2 соли охир беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. 

«Бо вуҷуди ин дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашваии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд дорад, ки бояд бартараф шаванд»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо намуда, нисбат ба соли 2022, ки содироти маҳсулоти соҳа ба 22,8 млрд расида буд, 19 фоиз кам гардидааст, яъне ҳамагӣ 18,5 млрд сомониро ташкил додааст.

Аз ин рӯ Президенти Тоҷикистон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки доир ба такмили низоми омода намудани мутахассисон барои бахши воқеии иқтисодиёт бо дарназардошти афзалиятҳои соҳавӣ, таъсиси маҷмӯаҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва хизматрасонӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.   

Бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Сарвари давлат дастур доданд, ки тамоми сохтори  мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.

«Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.

барчасп: