Бо мақсади дар сатҳи баланд омода намудани ҳайати шахсӣ ба машқҳои тирпарронӣ ва машғулиятҳои омодагии ҳарбӣ, дар асоси фармоиши Раиси Кумита аз 12 декабри соли 2023 ва нақшаи чорабиниҳо «Оид ба ташкил ва гузаронидани машқҳои амалии тирпарронӣ аз силоҳи оташфишони АКМ - 7,62 мм бо ҳайати шахсии афсарону прапоршикон ва хизматчёни ҳарбии Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии Кумита дар гарнизони Душанбе, дар машқгоҳи машғулиятҳои оташфишонии Кумита, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати Шаҳринав, деҳаи Балхак” баргузор карда шуд.
Дар машғулиятҳои амалии тирпарронӣ 124 (яксаду бисту чор) нафар ҳайати шахсӣ иштирок намуданд.
Машқҳои амалии тирпарронӣ бо ҳайати шахсии Раёсатҳо, шӯъба ва бахшҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақахои Рашт ва Кулоб аз ҷониби Сардорони раёсатҳо ва командирони қисмҳои ҳарбии 45025, 45085, 45989 ва 45075-и Кумита дар рӯзҳои муайяншуда ташкил ва гузаронида шуданд.