Ҳалокати ду тифли як хонадон дар оби канал ва роннадаи 32-сола дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ду тифли як хонадон, ки яке чор ва дуюмӣ ду сол дошт, дар оби канали деҳа ғарқ шудаву ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дод.

Манбаъ сабаби ин ҳодисаро беназоратии волидон медонад.

Ҷасади ин ду тифлро сокинони деҳа пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ҳалокати ноболиғон дар обҳои кишвар ҳодисаи нав нест. Аксар вақт ин рӯйдодҳои ғамангезу фоҷеабор, ки умр доғе дар қалби падару модар ва наздикон пайвандон мегузаоранд, бар асари беназоратии калонсолон рух медиҳанд.

Волидон ҳамеша бояд фарзандони ноболиғи худро назорат кунанд, онҳоро  ҳаргиз танҳо нагузоранд.

 Беназоратӣ ҳамин гуна паёмадҳои нохӯш дорад. 

 

 

Садамаи “Hyundai Elantra” дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки ба ҳалокати ронанда саба шудааст

Рӯзи шанбе, 23 декабри соли 2023, тахминан соати 13:30 дақиқа як автомашинаи тамғаи Hyundai Elantra, ки аз ҷониби як сокини 32-солаи кӯчаи Ҳомидови шаҳри Хуҷанд идора мешуд, дар километри 189,9 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дучори садама шудааст ва ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ин мошин аз шаҳри Панҷекент ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳоли ҳаркат будааст.

Гуфта шудааст, ки ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва ин мошин канори роҳ чаппа шудааст.

Бар асари ҷароҳати шадид ронанда ҷон бохтааст.

Мақомот сабаби аслии садамаро таҳқиқ мекунанд.

барчасп: