Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст кард. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки рӯзе қабл доир шуда буд, муовини Раиси Кумита генерал-майор Сулаймон Исозода иштирок ва суханронӣ кард.
Дар ҷаласаи мазкур сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо оиди иҷрои қонуну қарорҳои амалкунанда дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва Нақша–чорабиниҳои асосии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2023 ҳисобот доданд.
Дар поёни нишаст муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал–майор Сулаймон Исозода роҳбарияти Раёсат барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтару хубтар фаъолият намудан дар соли 2024 дастуру супоришҳо доданд.