Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани курсҳо ва дарсҳои таълимӣ дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, роҳандозии корҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии офатҳои табиӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа дарси «Амалиёт ҳангоми заминларза, боронҳои шадид, сел, фаромадани ярч ва тарма» доир карданд.
Дар рафти дарсҳо ба хидматчиёни ҳарбӣ оид ба чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ, иншооти хоҷагӣ ва ҳудуди вилоят ҳангоми таҳдиду хатари офатҳои табиӣ, инчунин иштироки хидматчиёни ҳарбӣ дар корҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулодда маълумот дода шуд..
Инчунин, ба ҳайати низомиён таҷҳизоти махсуси наҷот ва воситаҳои техникӣ намоиш дода шуда, ба кормандони КҲФ оид ба таърихи рушди идораи наҷот дар Тоҷикистон, инчунин оид ба вазифаҳои мудофиаи гражданӣ нақл карда шуд.