4500 кило сими JICA ба Кумита ҷиҳати тақвияти соҳили рӯдхонаҳои воқеъ дар манотиқи хатарнок

Дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкории судманди байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин расонидани ёрии таъҷилӣ ба аҳолии зарардида Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми шарикони рушд ба таври доимӣ ҳамкорӣ мекунад. Ва яке аз корҳои муҳим дар пешгирии  офатҳои табиӣ анҷом додани корҳои соҳилбандӣ мебошад.

Бо ин мақсад КҲФ дар соли 2023 лоиҳаи начандон калонеро бо Агентии ҷопонии ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар кардани фаъолиятҳои соҳилбандӣ дар қаламрави кишвар ба роҳ монд. 

13 декабри соли равон Агентии ҷопонии ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ба Кумита 4500 кило сим барои бофтани кубҳои бетонӣ ҷиҳати мустаҳкам кардани соҳили рӯдхонаҳои воқеъ дар манотиқи хатарнок интиқол дод.

Кумита дар оянда низ бо ҳама шарикони байналмиалии рушд дар ин самт ҳамкорӣ хоҳад намуд.

барчасп: