Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ бо ширкати намояндагони нуҳ кишвари Осиё оғоз ба кор кард

7 декабри соли 2023 Ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Беҳдошти устуворӣ ба офатҳои табиӣ: Истифодаи маълумот, технология ва сиёсат барои таъмини ояндаи бехатар» ба кори худ оғоз кард, ки дар он Раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулдда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода бо суханони муқаддимавӣ баромад кард. Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи ин ҷаласа ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати иштирок дошт.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори самти идораи хатари офатҳои табиӣ аз 9 кишвари Осиё, аз қабили Бангладеш, Ҳиндустон, Эрон, Камбоҷа, Макао, Микронезия, Муғулистон, Туркия, Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.

Нишасти мазкур аз ду ҷаласа иборат буда, муҳокимаҳои пленарӣ барои таҳкими тавонмандиҳои муштарак барои коҳиш додан, вокуниш ба офатҳои табиӣ ва идораи самаранок, бахусус дар заминаи тағирёбии иқлим, шаҳрнишинӣ ва фақр аст.

 Чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Маркази Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба рушди идоракунии иттилоот оид ба офатҳои табиӣ (APDIM) роҳандозӣ шуд.

 Ҳадафи асосии ҷаласаи Гурӯҳи коршиносони минтақавӣ мусоидат ба табодули дониш, ҳалли инноватсионӣ ва таҷрибаи пешқадам дар идораи офатҳои табиӣ бо таваҷҷӯҳ ба ҳамгироии маълумот, технология ва сиёсат барои беҳтар кардани омодагӣ ва қобилиятҳои вокуниш дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад.

8 декабри соли 2023 Ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ  ба кори худ идома хоҳад дод.

барчасп: