Лоиҳаи имзошуда миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд боис шуд, ки як бунгоҳи тибби дар ноҳияи Балхии вилояти Хатлон соҳитби таҷҳизоти нави тиббӣ шавад.
6 декабри соли 2023 дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ ба бунгоҳи тиббии деҳаи Саноати ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон таҷҳизоти тиббӣ интиқол дода шуд.
Ба рӯйхати таҷҳизоти тақдимшуда кати тиббӣ, тарозуҳо барои калонсолон ва кӯдакон, халтаҳои сардкунандаи эмкунӣ, ҳоҷатхонаи биологӣ, мониторҳои санҷиши фишори хун, яхдон барои нигоҳдории ваксинаҳо, инчунин принтер ва ноутбук дохил мешаванд.
Ин таҷҳизоти тиббӣ ва дигар воситаҳои табобатӣ дар ҳузури муовини Раиси КҲФ, генерал-майор Сулаймон Исозода ва намояндаи Бонки осиёии рушд таҳвил дода шуд.
Ин таҷҳизот ба беҳтар шудани ёрии тиббй ба сокинони ин шаҳрак ёрй расонда, кори коркунони тибро дар ин бунгоҳи тиббӣ осон мекунад.