Теъдоди қурбониён дар сӯхтори ҷангали шимоли Калифорния ба 23 расид

Бино ба охирин хабарҳо шумори қурбониёни сӯхтори шадид дар шимоли иёлоти Калифорнияи ИМА ба 23 нафар расид.

Тибқи иттилои расмӣ то кунун бештар аз 100 нафар дар ин сӯхтор осебдидагон дар бемористонҳо интиқол ёфтанд ва бистарӣ шуданд.

То кунун бештар аз 500 нафар бенишон ғайб задаанд ва мақомоти маҳаллӣ мегӯянд дар ҷустуҷӯи онҳо ва муайян намудани ҷойи будубошашон аз иқдомҳои муассире кор гирифтаанд. 

Ин сӯхтор дар як муддати кутоҳ бештар аз 3,5 ҳазор хонаҳоро ба коми худ кашид. Аз маҳалли офат наздик ба 20 ҳазор нафар сокинон ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.

Ҷерри Браун, волии иёлот дар округҳои Бютт, Лейк, Мендосино, Напа, Невада, Оринҷ, Сонома ва Юба вазъи фавқулодда ҷорӣ намуд..

барчасп: