Рӯзи ҳушдор, рӯзи табодули таҷриба, рӯзи ёдҳо...

Дар Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо чорабиниҳо идома доранд. Қарор аст ҳафтаи ҷорӣ силсилаи “мизҳои мудаввар”, мулоқотҳо, машқҳо роҳандозӣ шаванд, ки дар болоравии сатҳи огоҳии аҳолӣ дар омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мусоидат хоҳанд кард.

Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офот ҳамасола 13-уми октябр таҷлил мешавад ва дар ин рӯз Созмони Милали Муттаҳид аз одамони сайёра даъват мекунад, ки донишҳои  ғуншуда дар бобати хатари офатҳоро ба ҳам бинанд. Бори аввал тибқи қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 22 декабри соли 1989 тасдиқ шуд ва солҳои баъдӣ таҷлили ҳамасолаи он ба ҳукми анъана даромад. 

21-уми декабри соли 2009 бошад Ассамблеяи Генералии СММ бо қарори худ 13-уми октябрро барои ҳамеша Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо эълон намуд. 

Ҳамасола бар асари офатҳои табиӣ дар сар то сари Сайёра ҳазорон нафар ҷони худро аз даст медидаҳн, даҳҳо ҳазори дигар бехонаву кошона мемонанд, офатҳо тифлакони маъсумро бо падару бемодар, модаронро бефарзанд мекунанд. Илми муосир ҳоло ҳам наметавонад хатари офоте чун заминларзаву ярч ва ғайраро дақиқан пешгӯӣ кунад. Ин аст, ки заминларзаҳои харобиовар меафзоянд, чун онҳо замоне рух медиҳанд, ки одамон дар ғафлатанд.

Дар олам теъдоди ҳалокшудагон бар асари обхезиҳо, заминларзаҳо, сиклонҳо, тӯфонҳо, селу ярчу тарма ҳамвора меафзояд.

Марг ва зиндагӣ

Офатҳои табиӣ зояндагони марганд. Чӣ беҳтарин инсонҳо қурбон мешаванд, теъдоди ятимону бекасон меафзоянд. Ҳар сол миллионҳо нафар ногузир мешаванд зодбуми худро бар асари офатҳои табии харобиовар тарк кунанд. Тибқи омори СММ ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар олам дар натиҷаи ин офатҳо 184 нафар мемиранд. Ва ҳоло пешбинӣ мешавад, ки бар асари тағйири иқлим теъдоди ҳалокшудагон дар олам хоҳад афзуд. Вазъ талаб мекунад, ки ҳукуматҳо ва кишварҳо аз ҳисоби ободониву рушди иҷтисодӣ як миқдори бештари буҷаи худро сарфи корҳои пешгирӣ аз офоти табиӣ ва барқарорсозии оқибатҳои ҳалокатбори ин офот кунанд.

СММ мегӯяд ҳатто дар ҳамин росто ҳам метавон ҷони миллионҳо нафарро аз хатари нобудӣ наҷот дод, агар ба масъалаҳои пешгирӣ аз офот таваҷҷуҳи бештар сурат бигирад.  Дар барномаи қолабии Сендай оид ба кам кардани хатари офатҳо, ки соли 2015 қабул шудаву Тоҷикистон низ узви он аст ва барномаҳояш дар кишвари мо татбиқ мешаванд, роҳҳои мушаххаси коҳиши хатари офатҳои табииву техногенӣ нишон дода шудааст.

Талафоту хисорот дар оморҳои расмӣ

Моҳи августи соли 2016 Институти муҳити атроф ва бехатарии инсон дар назди Донишгоҳи СММ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисоботи ҷадид дар мавриди хатарҳои ҷаҳонӣ ва оқибатҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ дар соли 2016-ро пешниҳод карда буд. Мутахассисони ин ниҳоди пажуҳишии байналмилалӣ дар 117 кишвари олам таҳқиқот гузарониданд ва ба ҳар кишвар дараҷаи хатар ва осебпазирии он ба ҳолатҳои фавқулоддаро муайян карданд. Чун ҳисобот бештар аз як сол пеш интишор шуда буд, мо ҳоло натиҷаи онро сарфи назар мекунем, чун яқинан дар ин муддат вазъ дар ҳамаи ин 117 кишвар тағйир ёфт.

Вале нуктае, ки мехоҳем таъкид кунем, он аст, ки мегӯянд дар зарфи даҳсолаи охир рӯйдодҳои фалокатбор дар олам афзудаанд. Ба ин рӯйдодҳо муаллифони ҳисоботи пажуҳишӣ беборишӣ, заминларза, селу обхезӣ, тӯфонҳои шадид ва зуҳуроти дигарро дохил кардаанд.

Ба ин рақамҳои қиёсӣ таваҷҷуҳ кунед: танҳо дар ду сол – солҳои 1980-1982 шумори офатҳои табиӣ наздик ба 400 адад афзуд ва зарари он 50 миллиард долларро ташкил дод. Аммо аз соли 2013 то соли 2015 теъдоди офатҳо 2 баробар зиёд шуд ва ба 900 расид, зарар бошад 6 баробар афзоиш ёфт ва то 300 миллиард доллар расид.

Мутахассисони ин ниҳоди пажуҳишӣ мегӯянд сабаби аслӣ дар рушди номатлуби инфраструктура бахусус дар мамолики африқоӣ ва осиёӣ буд. Ва барои мисол аз заминларзаи Ҳоитӣ ёд мекунанд ва онро ба заминҷунбии ҳамсон дар Чилӣ муқоиса мекунанд. Бар асари такони 7 балл дар Ҳоитӣ 160 ҳазор нафар қурбон шуданд. Аммо заминларзаи 8-бала дар Чилӣ танҳо ҷони 562 нафарро рабуд. 

Ва боз як далели дигар дар ин маврид аз ҳисоботи ёдшуда: Тибқи арзёбии мутахассисон то соли 2020 барои кишварҳои хатари офот зиёд 1,5 трилион доллар ҳар сол бояд кӯмак кард, то сатҳи инфратструктураи худро ба ҳадди лозим боло баранд ва аз хатари офот дур монанд.

Офатҳо дар Тоҷикистон

Ва аммо дар Тоҷикистон. Кишвари мо, ки як сарзамини куҳистонист, ба офатҳои табиӣ ҳасссос аст ва ҳар сол Ҳукумати Тоҷикистон миллионҳо сомониро сарфи бартарафсозии оқибатҳои вазъи фавқулодда мекунад, миллионҳои дигарро дар корҳои пешгирӣ аз ин офатҳо масраф менамояд.

Танҳо зарфи нуҳ моҳи соли равон мақомоти марбута 89 ҳодисаи фавқулоддаи табииро ба қайд гирифтаанд. Дар нимсолаи аввали соли равон дар 51 ҳодисаи фавқулодда 27 нафар шаҳрвандони кишвар ҷон бохтанд. Зарари расида 14 миллиону 541 ҳазору 400 сомониро  ташкил дод.

Бар асари офатҳои табиӣ дар нимсолаи аввали соли равон 92 хонаи истиқоматӣ (20 хона пурра), 556,87 гектар замини кишт, 15 пул дар рӯдхонаҳои хурду бузург, 7 муассисаи томактабӣ ва мактабӣ зарар диданд. Ва дар нимсолаи аввал ҳаҷми кӯмак ба хонаҳои вайроншуда 755 ҳазору 680 сомониро ташкил дода буд. 

Моҳҳои апрел ва майи соли  2017 дар як қатор рустоҳои ноҳияи Лахш бар асари офатҳои табиӣ хонаҳои 28 сокинон қисман ва 9 хона пурра вайрон шуда буд. 8-уми июл бошад дар натиҷаи боришоти зиёд аз қисмати рости дарёи Панҷ селу ярч фаромад ва маҷрои об пурра банд гардид. Дар натиҷаи офати табиӣ дар деҳаи Хостав ва се хонаи истиқоматии сокинон дар рустои Ширговад яъне дар маҷмуъ 21 хонаводаи ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз пурра ва қисман зарар диданд.  

Дар мавзеи хушманзараи Яхчисори ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз давоми як моҳ бо харҷи бештар аз 4 миллиону 930 ҳазор сомонӣ 21 хонаи наву замонавӣ бунёд карда шуд. Калиди хонаҳои навро ба сокинини зарардида худи Пешвои миллат дар ҷараёни сафараш ба Дарвоз тақдим намуд. 

Тағйири иқлим ва мо

Бонги хатар аз тағйири иқлим мавзуъи суҳбати хоса дар расонаҳои дунёст. Ва аз тағйири иқлим Тоҷикистон низ чун бахши ҳамин ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷабр хоҳад дид. Ҳамчуноне ахиран дар як ҷаласаи СММ Сарвари давлати Тоҷикистон иброз дошт зарфи  “30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он пурра нобуд шудааст. Ва ин дар ҳолест, ки имкониятҳои Тоҷикистон аз лиҳози истифодаи иқтидорҳои саноатӣ – яке аз манбаъҳои асосии партови газҳои зарарнок ба ҳаво - чандон зиёд нестанд ва 98 фоизи энергияи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ –  манбаи  аз лиҳози экологӣ тоза - истеҳсол мешавад.

Айни замон 60 дарсади захираҳои оби  Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон  ташаккул меёбанд. Яъне идомаи эҳтимолии  раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои оби минтақа таъсири манфӣ расонад.

барчасп: