Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоиди ду рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои обоҳавосанҷон аз 29-ум то 30-уми сентябри соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

Шамол дар як сония аз 15 то 20 метр мевазад, дар водиҳо борон меборад ва дар куҳҳо борон ба барфи тар табдил мешавад. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар анҷоми корҳои саҳро хеле эҳтиёткор бошанд, аз ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикоргоҳ ба қасди шикор худдорӣ намоянд. 

Дар ҳолатҳои вазиши шадиди бод Кумита ба сокинон ва меҳмонон тавсия медиҳад, ки бидуни зарурат аз хона берун нашаванд. Муҳимтар аз ҳама назорати кӯдакон аст ва набояд дар чунин обу ҳаво онҳо бидуни назорати калонсолон бошанд. 

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ масофаи муайяншударо қатъан риоя кунанд, суръати ҳаркатро боло набаранд.

Эҳтимоли сангрезиш вуҷуд дорад.