Дарсҳои омӯзишӣ барои соҳибмансабони Комиссияи давлатии пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда оғоз шуданд

Рӯзи дуюм аст, ки гуруҳе аз соҳибмақомҳои Комиссияи давлатӣ оид ба пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамрини пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда идома медиҳанд.

18  - уми сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамрини чоррӯза барои шахсони мансабдори Комиссияи давлатӣ оид ба пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони масъул оид ба баланд бардоштани самаранокии системаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда оғоз шуд. 

Дар ҷараёни тамрин масъалаҳо оид ба тарҳрезии амалҳо дар пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, пешбинӣ, методология ва технологияи бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ташкил ва баргузории омӯзишҳо оид ба мудофиаи гражданӣ  ва ҳимоя аз ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ мешаванд. Дар доираи ҳамин тамринҳо баргузории “мизи гирд” дар мавзуъи “Муҳокимаи масъалаҳои ҳимоя аз ҳолатҳои фавқулодда дар Тоҷикистон. Посух ба саволҳо” баргузор мегардад. 

Дар кори семинар намояндагони вазорату идораҳое, ки шомили Системаи ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаанд, ҳамчунин гуруҳи коршиносони Платформаи миллӣ иштирок доранд. 

Семинар бо талоши коршиносон аз Институти Умумирусиягии илмӣ-таҳқиқотӣ оди ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ  ва ҳолатҳои фавқулоддаи ВҲФ Русия  дар доираи татбиқи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ ва дастгирии молиявии хазинаи Трасти Федератсияи Русия доир мешавад.