Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.
Сармутахассиси Раёсати Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Нигина Ризоева зимни суханронии худ атрофи ин масъала ба иҷрои бечунучарои талаботҳои Қонуи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид намуд. Вай ҷанбаҳои ҳуқуқии қонуни мазкурро шарҳ дод. Ва бо мисолҳои мушаххас чорабиниҳои ахиран роҳандозишуда дар ин заминаро фаҳмонд.
Дар ҷараёни мулоқот миёни кормандон ва намояндаи Кумитаи дин табодули афкор сурат гирифт ва ҳозирон фикру мулоҳизаҳои худро атрофи қонуни ёдшуда ва риояву иҷрои он иброз доштанд.
Маврид ба ёдоварист, ки ин гуна дарсҳои омӯзишиву маърифатӣ қариб дар ҳамаи воҳидҳо ва сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегузаранд.