Коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои камбудиҳо дар фаъолиятҳои фавриву хидматӣ зумрае аз роҳбарони раёсату шуъбаҳоро ҳушдор дод ва сардори Раёсати ақибгоҳро ба ҷавобгарии интизомӣ кашид.
11 – уми сентябри соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи коллегия баргузор шуд, ки дар он роҳбарони як қатор раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.
Ҷаласа масъалаҳои омодагии воҳидҳо ва қисмҳои ҳарбии Кумита ба давраи тирамоҳиву зимистонӣ, натиҷаҳои фаъолиятҳои Раёсати ақибгоҳи Кумитаро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар масъалаҳои ёдшуда сардори Раёсати ақибгоҳ, неруҳо, Сарраёсати равандҳои метеорологӣ ва хоҷагии ёрирасони “Наҷот” баромад карданд.
Коллегия бо қарори худ барои камбудиҳо дар фаъолиятҳои оперативӣ-хидматӣ сардори Раёсати ақибгоҳи КҲФ-ро ба ҷавобгарии интизомӣ кашид, ба як қатор роҳбарон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муҳлатҳои мушаххас дод.
Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз зертобеъон риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ ва хидматӣ, ҳамчунин баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумита дар иҷрои вазифаҳо ва масъулиятҳои амалкардро талаб кард.