Бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тантанавӣ баргузор шуданд, ки дар онҳо роҳбарони Раёсати кадрҳо ва Раёсат оид ба корҳои тарбиявӣ, собиқадорони КҲФ ва меҳмонони дигар ширкат намуданд.
Зимни суханрониҳои худ роҳбарони раёсатҳо аз афсарон ва сарбозон даъват карданд, ки барои дифоъ аз манфиатҳои ҳаётии кишвар содиқона хизмат кунанд.
Матни номаи табрикии Раиси Кумита ба хизматчиёни ҳарбӣ қироат шуд, ки дар он аз ҷумла қайд карда шуда буд: “Давлат ва ҳукумат ба шумо иҷрои вазифаи хеле муҳимро боварӣ кардааст, ки он ҳимояи тамомияти арзӣ, Истиқлолият ва арзишҳои милливу манфиатҳои кишвар аст”.
Барои хизмати намунавӣ ва садоқатмандона гуруҳе аз хизматчиёни ҳарбӣ бо Ифтихорномаҳо, ҳамчунин туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.
Баъди сафороии тантанавӣ барои онҳо дастурхони идона густурда шуда, барномаҳои консертӣ намоиш дода шуданд.