31- уми августи соли 2017 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенант Рустам Назарзода Директори минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Патрик Виалро ба ҳузур пазируфт.
Ҳадафи ин мулоқот баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо миёни КҲФ ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, ҳамчунин тарҳҳои муштарак буд.
Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷаноби Виал дар бораи фаъолиятҳои Кумита ва сохторҳои он нақл кард, дар мавриди сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба бо Салиби Сурхи байналмилал изҳори қаноатмандӣ кард. Вай ҳамчунин ба идома ва таҳкими ин ҳамкориҳо бо назардошти имкониятҳо таъкид намуд.
Дар навбати худ ҷаноби Виал барои ҳамкориҳои фаъолона ва пазироии хуш сипосгузорӣ кард. Ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон дар самти идораи хатарҳои офот, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои он корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.
«Мо ба ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар масъалаи табодули таҷриба бо идораи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон манфиатдорем”,- гуфт ӯ.